10:16, 25 Июни 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Конгреси Парагвай баргузории маротибаи дигари интихоботро ҷонибдорӣ накард

Вакилони Конгреси Парагвай лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани

тағйиру иловаҳо ба конститутсияи кишвар оид ба маротибаи дигар интихоб шудани президенти кунуниро қабул накарданд. Дар ҷараёни овоздиҳии дохилиҳизбӣ лоиҳаи қонуни мазкур 25 овози мусбат гирифта, нисбат ба он 78 сенат зид баромад намуданд. Баррасии лоиҳаи қонун нигаронии сокинонро ба миён оварда онҳо дар чӯкаҳо намоишҳои оммавӣ доир намуданд. Дар натиҷа он ба бетартибӣ ва захудӯрд табдил ёфта, ба марги як нафар оварда расонд. Баргузории интихоботи президентӣ дар Парагвай соли оянда ба қайд гирифта шуда, роҳбари давлат барои 5 сол интихоб карда мешавад. Қаблан президенти кунунии Парагвай Орасио Картес аз пешниҳод намудани номзадии худ дар интихоботи президентӣ даст кашида буд.