17:45, 11 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар минтақаи СҲШ имкониятҳои бузург барои ҳамкориҳои судманд мавҷуд аст

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми Гурӯҳи махсуси кории

давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид. Дар кори он намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва котиботи Сазмони ҳамкориҳои Шанхай ширкат варзиданд. Таъкид гардид, ки дар минтақаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай имкониятҳои бузург барои ҳамкориҳои судманд мавҷуд буда, он метавонад сатҳи некуаҳволии мардум ва иқтисодиёти давлатҳои аъзоро баланд бардорад. Дар чаласа оид ба корҳои анҷомдода иттилоъ дода шуд. Сипас гурӯҳи мазкур масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти савдо ва сармоягузорӣ, ҷараёни татбиқи бандҳои 30, 31 ва 35-и «Ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ» (Нақша чорабиниҳо барои солҳои 2016-2020 ҷиҳати татбиқи Стратегияи рушди Созмони ҳамкориҳои Шанхай то соли 2025), таҳияи маводҳои оид ба имкониятҳои сармоягузории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, таҳияи нақшаи корӣ барои соли 2017 ва баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи махсуси корӣ давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мусоидат ба сармоягузориро, баррасӣ намуданд.