11:56, 06 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баррасии 2 масъала дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд. Вакилони мардумӣ дар оғози иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро баррасӣ намуданд. Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Мирзо ва вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаров Зайниддин, Ғаффоров Абдуҳалим, Қиёмиддини Миралиён, Бахтовар Сафарзода баромад намуда, иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ гардонидан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар назди вакилони мардумӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва вакилони мардумӣ Аҳмадҷон Қобилов.Сайҷаъфар Усмонзода баромад намуда, таъкид намуданд, ки лоиҳаи Қонуни зикршуда бо мақсади ҷорӣ намудани механизми таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоту ташкилотҳои давлатӣ ва баҳри иҷрои банди 45 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 тасдиқ шудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои зикршуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.