22:37, 09 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вохӯрӣ бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Санаи 25-уми апрели соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал- Бодиро баҳузур пазируфт. Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангу маориф ва робитаҳои башарӣ баррасӣ намуданд. Дар ин замина роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати татбиқи минбаъдаи тавофуқоте, ки дар сатҳи олии ду кишвар моҳи январи соли 2016 дар Риёз ҳосил шуданд, таъкид гардид. Ҳамчунин атрофи дигар масоили мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.