02:53, 28 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ дар Тоҷикистон

Зафар Файзуллозода дар интихоботи миёнадаврии узви Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 бо гирифтани 98,5 % -и овозҳо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Инчунин дар интихоботи миёнадаврӣ, ки 23 апрел дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Б. Ғафуров №14 баргузор шуд, Мавлудахон Мирзозода бо гирифтани 72, 1%-и раъйи интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин росто дар ҷаласае, ки 24 апрел таҳти раёсати Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, натиҷаи интихоботи миёнадаврӣ дар кишвар баррасӣ гардида, Зафар Файзуллозода ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хатлон №3 ва Мавлудахон Мирзозода ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Б. Ғафуров №14 ба қайд гирифта шуда, ваколаташон тасдиқ гардид. Ҳамзамон Бахтиёр Худоёрзода, раиси КМИР ба Зафар Файзуллозода шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.