15:35, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Аз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон (14.04.2017)

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи лоиҳаи Қонуни мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода баромад намуда иброз намуд, ки ба моддаи 5 Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, мод. 402; с. 2007, мод. 660; с. 2008, мод. 800; с. 2011, мод. 837; с. 2014, мод. 148 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад: «5. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия натиҷаи асосҳои ташкилӣ ва методии раванди баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷамъбаст менамоянд. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.». Дар Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти риэлторӣ» баррасӣ гардид.