07:39, 08 Апрели 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Франсия даври аввали интихоботи президентӣ анҷом ёфт

Дар Франсия даври аввали интихоботи президентӣ анҷом ёфт.

Натиҷаҳо нишон дод, ки собиқ вазири иқтисод ва ташкилкунандаи ҳаракати «Ба пеш!» Эммануэл Макрон бо касби 23,75 дарсад овозҳо дар интихобот ғолиб омад. Номзад аз ҳизби «Ҷабҳаи миллӣ»-и Франсия Марин Ле Пен дар ин маъракаи сиёсӣ 21,53 дарсади раъйро ба даст оварда, мақоми дуюмро соҳиб шуд. Иштирокчии дигари интихобот аз ҳизби «Ҷумҳурихоҳон» Франсуа Фийон бо гирифтани 19,91 дарсади овозҳо дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Ба ҷонибидории номзад аз ҳизби чапгароён Жан - Люк Меланшон 19,64 дарсади сокинон раъй додаанд. Эммануэл Макрон ва Марин Ле Пен бо касби овозҳои кофӣ тавонистанд, ки ба даври дуюми интихобот роҳ ёбанд. Даври дуюми интихоботи президенти Франсия 7-уми май баргузор мешавад.