15:51, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баррасии 8 масъала дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон

Имрӯз таҳти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд. Вакилони мардумӣ дар оғози иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуданд. Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд Назирӣ Гулбаҳор баромад намуда, иброз намуданд, лоиҳаи қонунҳои мазкур бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ислоҳоти ба қонунгузорӣ дар қисмати таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ воридгардида ва аз пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ таҳия карда шудааст. Аз рӯи масъалаи дуюм, сеюм ва чоруми рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди вакилони мардумӣ Президенти академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш Сафарзода Бахтовар, муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Абдуҷаббор, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор Сироҷов Шарофиддин, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадиён Ҷамшед ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов Баҳодур Акрамзода баромад намуда, иброз намуданд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур бо мақсади мутобиқгардонии қонунгузории амалкунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Вакилони Маҷлиси намояндагон, сипас пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории соҳаи энергетика ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016 ҷонибдорӣ намуданд. Дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ин масъалаҳои зикршуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.