16:42, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Остона

Рӯзи 21-уми апрели соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ С. Аслов дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок кард. Зимни кори ҷаласа оид ба масоили муҳимми минтақавию байналмилалӣ табодули афкори амиқ сурат гирифт. Вазирони корҳои хориҷӣ теъдоди санадҳои ба баррасии ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ пешниҳодшавандаро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла масъалаҳои марбут ба пайвастани Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардиданд. Вазирони корҳои хориҷӣ оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти муқовимат ба хатару чолишҳои муосир, пеш аз ҳама бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин таҳкими амнияти байналмилалии иттилоот ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ибрози назар карданд. Сарони ҳайатҳо, ҳамчунин қайд карданд, ки таҳкими равобит дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи муҳити зист, илму техника, варзиш ва сайёҳӣ аз омилҳои муҳими рушди бомуваффақияти ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ маҳсуб меёбад. Оид ба ҳамаи масъалаҳои зимни ҷаласа баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид. Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Остона мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов бо роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.