15:37, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Cупоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лубнон

Рӯзи 20-уми апрели соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лубнон

маросими супоридани нусхаи Эътимодномаи Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лубнон бо қароргоҳ дар Кувайт Зубайдов Зубайдулло Наҷотович ба Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ҷуброн Басил сурат гирифт. Баъди маросими тақдими нусхаи Эътимоднома сӯҳбати Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафир баргузор гардид, ки дар рафти он роҳҳои тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар, ҳамчунин самтҳои ояндадори ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷониби лубнонӣ барои кушодани сафоратҳо ва таъйини сафирҳо, ҳамзамон консулҳои фахрӣ дар давлатҳои ҳамдигар изҳори ҳавасмандӣ намуд.