15:46, 04 Июни 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Машваратҳои навбатӣ байни мақомоти сиёсати хориҷиии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Остона

Имрӯз, 20-уми апрел дар шаҳри Остона даври навбатии машваратҳо

байни мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд. Зимни машваратҳо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Аслов ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон К.Абдрахманов масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои он, инчунин мавзӯи ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Миёни ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҳамкориҳои ду кишвар вобаста ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақа ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар мубориза бо таҳдиду чолишҳо баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳадафҳои мушаххасро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсия муайян намуданд. Дар рафти вохӯрӣ вазирони ду кишвар мубодилаи Тасдиқномаҳоро ҷиҳати эътибор пайдо намудани Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом доданд, ки тибқи Протоколи ба имзо расонидашуда, 20 апрели соли 2017 эътибор пайдо кард. Бояд қайд намуд, ки Шартномаи мазкур аз ҷониби Сарони ду давлат 14 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе баста шуда буд.