21:04, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тағйироту илова ворид мегардад

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки

имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи мазкур раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода баромад намуда, иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пешбинӣ намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои пинҳон намудани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ё таъин шудан ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ва мансабҳои давлатие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо маҳдудияти доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Вобаста ба ин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 5011 бо мазмуни зерин илова гардид: «Моддаи 5011. Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар: Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи Қонуни мазкур 6 таклифу пешниҳодҳо манзур карданд, ки 4-тои онҳо вориди лоиҳа гардиданд ва 2-тояшон пазируфта нашуданд. Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.