07:22, 23 Марти 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

То баргузории интихоботи президентӣ дар Франсия 100 рӯз боқӣ монд

 

 

 

То баргузории интихоботи президентӣ дар Франсия 100 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Тибқи назарсанҷии

ахир номзади мустақил ва собиқ вазири иқтисодиёт - Эммануэл Макрон дар даври аввали интихобот эҳтимол ҷойи сеюмро касб намояд. Аммо тайи вақтҳои ахир теъдоди ҷонибдорони ӯ пайваста рӯ ба афзоиш аст. Феълан кушишҳои ӯ барои пайдо кардани нуфуз дар ҷомеаи ҷаҳон равона шудааст. Чанд рӯз қабл Макрон ба Олмон рафта, дар макони содиршавии амали террористии шаҳри Берлини гул гузошт. Эммануэл Макрон қайд кард, ки имрӯз Франсия ва Олмон муштаракан бар зидди терроризм мубориза мебаранд. Аз ин рӯ, ҳар ду кишвар пайваста мавриди ҳадафи террористон қарор мегиранд. Раванди муносибати кунунии Франсия ва Олмон номзад аз ростгароён - Франсуа Фийонро низ нигарон кардааст. Номбурда мақсад дорад, ки 23-юми январ озими Олмон гардад. Чанде қабл Фийон сиёсати берунаи маъмурияти феълии кишварро мавриди танқид қарор дода, изҳор дошт, ки имрӯзҳо садои Франсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ қарибки шунида намешавад. Тибқи назарсанҷии ахир маҳз Фийон пешсафи маъракаи сиёсӣ дониста мешавад. Дар мақоми дуюм роҳбари Ҳизби ҷабҳаи миллӣ - Марин Ле Пен қарор дорад. Ҳамчунин ҳафтаи ҷорӣ интихоботи дохилиҳизбии «Сотсиалистҳо» баргузор мешавад. Рӯзи ҷумъа бошад, нахустин мубоҳисаи телевизионӣ сурат мегирад. Дар интихоботи дохилиҳизбии «Сотсиалистҳо» 7 номзад ширкат мекунад. Ғолибияти номзади «Сотсиалистҳо» дар интихоботи президентии соли равон аз эҳтимол дур мебошад. Зеро нуфузи Франсуа Олланд - президенти кунунии мамлакат, ки намояндаи ҳизби «Сотсиалистҳо» мебошад, дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад.