15:53, 17 Январи 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Президент мақомдорони қудратиро аз мансаб барканор кард

Президенти Кот-д‘Ивуар Алассан Уаттара пас аз сар задани

ошӯби ҳарбиён, ки ду рӯз ҷараён ёфт, роҳбарони артиш, полис ва дигар сохторҳои қудратиро аз мансаб барканор кард. Дар ин бора оҷонсии «Рейтер» хабар дод. Бино ба иттилои мавҷуда, роҳбари Артиш - генерал Сумайла Бакайоко, сардори полиси маҳаллӣ - Бреду М’Биа ва сарфармондеҳи жандармерияи миллӣ Жервэ Куаку Куасси аз вазифа канор рафтаанд. 6-уми январ низомиёни Кот-д‘Ивуар ба дидбонгоҳи кормандони мақомоти полиси шаҳри Буака ҳамла намуда, миқдори зиёди аслиҳаро ғорат ва тамоми роҳи даромад ба ин минтақаро банд карданд. Ба низомиёни ошӯбгар ҳарбиёни чанд минтақаи ин кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Далоа ва Корхого ҳамроҳ гардид. Шаҳри Буака дорои 540 ҳазор аҳолӣ мебошад. Мақсади низомиён дар ҷалби таваҷҷуҳи ҳукуматдорон ба мушкилоташон унвон мешавад. Кот-д‘Ивуар яке аз кишварҳои бузурги содиркунандаи какао маҳсуб меёбад. Аз моҳи сентябри соли 2016-ум арзиши он 3 маротиба кам гардид, ки ба ҳаёти рӯзмарраи сокинон таъсири ҷиддии худро расондааст.