11:55, 27 Феврали 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
28          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Консули Россия дар Юнон даргузашт

Андрей Маланин - Консули Федератсияи Россия

дар шаҳри Афинаи Юнон аз олам даргузашт. Дар ин бора Оҷонсии иттилоотии «РИА Новости» бо истинод аз сарчашмаҳои хабарии Юнон гузориш дод. Хабари марги консулро намояндагони сафоратхонаи Россия ҳам тасдиқ карданд. Аз рӯйи маълумоти Воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ҷасади Андрей Маланини 55-сола дар манзили шахсиаш дар пойтахти Юнон - шаҳри Афина пайдо гардид. Номбурда аз субҳи рӯзи 9-уми январ ба кор набаромада, ба зангҳои телефонӣ ва паёмакҳо ҷавоб надодааст. Дар натиҷа ҳамкоронаш ба суроғаш рафтаанд. Ҳамин тариқ, онҳо бо кумаки кормандони мақомоти полис дари манзили консулро кушода, ҷасади Андрей Маланинро дарёфт намуданд. Сабабҳои марги ӯ муайян нест.