10:03, 30 Апрели 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ИМА ба дипломатҳояш: ҳамроҳ бо оилаҳои худ Гамбияро тарк кунед

Департаменти давлатии ИМА аз кормандони корпусҳои дипломӣ

даъват кард, ки ҳамроҳ бо оилаҳои худ ҳарчӣ зудтар ҳудуди Гамбияро тарк намоянд. Ин тадбир вобаста ба хатари бетартибиҳо дар ин мамлакат рӯйи даст гирифта шудааст. Ҳукуматдорони ИМА ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия доданд, ки дар бораи хориҷ шудан аз ин давлати африқоӣ андеша намоянд. 2-юми декабри соли 2016 президенти Гамбия Яҳё Ҷамме, ки давлатро муддати 22 сол роҳбарӣ кардааст, ногаҳон дар интихобот мағлубияти худро эътироф намуд. Аксари нозирон баромади ӯро ҳамчун бохти расмӣ дарк карданд. Аммо баъд аз як ҳафта Ҷамме фикри худро дар хусуси мағлуб шуданаш дар интихоботи президентӣ иваз карда, пойфишорӣ намуд, ки ҳолатҳои ҷой доштани қонуншиканиҳо ҳангоми овоздиҳӣ ва баршумории баргаҳои райъидиҳӣ тафтиш карда шавад. Дар ҳамин маврид роҳбарони мамлакатҳои «Ҷомеаи иқтисодии давлатҳои Африқои Ғарбӣ» маъмул бо номи «ЭКОВАС» Яҳё Ҷаммеро боварӣ кунонида истодаанд, ки пирӯзии ҳарифи худ дар интихоб Адам Барроуро эътироф намояд. Моҳи гузашта «ЭКОВАС» ҳушдор дода буд, ки дар ҳолати зарурӣ ба Гамбия эҳтимоо низомиён сафарбар карда мешаванд.