10:06, 30 Апрели 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Айван Роджерс ба истеъфо рафт

Намояндаи доимии Британияи Кабир дар Иттиҳоди Аврупо

- Айван Роджерс ба истеъфо рафт. Номбурда сабаби ба истеъфо рафтанашро шарҳ надодааст. Роджерс яке аз дипломатҳои собиқадори Британияи Кабир дар муносибат бо гардиши евро пазируфта шудааст. Истеъфои Айван Роджерс метавонад вазъияти кабинаи ҳукумат бо роҳбарии Тереза Мэйро дар самти хориҷ шудани кишвар аз Иттиҳоди Аврупо боз ҳам мураккабтар намояд. Тирамоҳи соли гузашта сарвазири Британияи Кабир Тереза Мэй изҳор намуда буд, ки ҷараёни хориҷшавии мамлакат аз гардиши евро аз моҳи марти соли 2017-ум оғоз мешавад. Сиёсатдор аз Франсия Мишел Барне, ки масъули Иттиҳоди Аврупо оид ба беруншавии Британияи Кабир мебошад, изҳор доштааст, ки муҳлати ниҳоии ҷараёни хориҷшавӣ моҳи октябри соли 2018-ум муқаррар гардидааст.