22:19, 21 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баррасии 3 масъала дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд. Вакилони мардумӣ дар оғози иҷлосия лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020 — ро тасдиқ намуданд. Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзода ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода баромад намуда, иброз намуданд, ки лоиҳаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Барномаи мазкур ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиётро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян менамояд. Дар марҳилаи минбаъдаи рушд дар мамлакат гузариш ба сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба сармояи инсонӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷиву дохилӣ барои рушди минбаъда амалӣ карда мешавад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар наздиктарин муҳлат гузариш ба модели нави тараққиёт, ки дар асоси ҷалбу истифодаи васеи сармояи дохиливу хориҷӣ тағйироти сохтории иқтисодиёт, тақвияти рушди институтсионалӣ ва нерӯи инсониро роҳандозӣ менамояд, муҳим мебошад, зеро иҷрои ин вазифаҳо шарти асосии татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб мераванд. Бояд таъкид намуд, ки модели нав дар муқоиса бо модели пешина, ки ба истеъмолот нигаронида шуда буд, як қатор бартариҳоро дорад. Аз ҷумла, модели нав рушди босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, ба бозорҳои нави содиротӣ роҳ мекушояд, воридоти истеъмолиро маҳдуд сохта, вобастагии кишварро аз маблағҳои интиқолӣ коҳиш медиҳад. Дар натиҷа ин ба ташкили васеи ҷойҳои нави кории пурмаҳсул ва рушди шуғли расмӣ мусоидат карда, ба афзоиши ҳиссаи андозҳои дохилӣ дар қисмати даромади буҷети давлатӣ оварда мерасонад. Муҳлати таҳияи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» бо муҳлати таҳия ва баррасии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 рост омад ва ин боис гардид, ки ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияи лоиҳаи Барнома таъмин гардад. Эҳтиёҷоти умумии молиявии ҳуҷҷати мазкур аз рӯи шумораи ислоҳоти дарҷгардида тариқи тадбирҳои матритсаи амалиёт 25,6 млрд. доллари ШМА, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои буҷетӣ 14,0 млрд. доллари ШМА (54,8%), бахши хусусӣ 9,1 млрд. доллари ШМА (35,8%) ва шарикони рушд 2,4 млрд. доллари ШМА (9,4%)-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаи Барномаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд. Аз рӯи масъалаи дуюм ва сеюми рӯзномаи иҷлосия — лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мизроб Кабиров ва Раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода баромад намуда, вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ин масъалаҳои зикршуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.