07:10, 19 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Баррасии ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистон

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шукурҷон Зуҳуров, дар доираи сафари кори ба шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Руссия бо Раиси Парлумони Давлати Исломии Афгонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ бо дархости номбурда мулоқот намуд. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Санкт – Петербург ба мо хабар дод, дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистноро барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо муҳим хонда, ҳамзамон изҳор дошт, ки равобити ҳарду кишвари дӯст ва ҳамзабонро метавон дар асоси ҳамкориҳои байнипарлумонӣ тақвият бахшид, аз ин рӯ, мо бояд бештар барои фароҳам овардани чунин шароит ба муносиботи дуҷонибаи байнипарлумонӣ такя кунем. Байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Афғонистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд ва ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳҳо низ фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии икшварҳои мо мебошад. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон аст, зеро мавҷуд будани оромӣ ва субот дар кишвари ҳамсоя барои тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмӯъ минтақа аст. Шукрҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки тараққиёти комили минтақа аз Давлати Исломии Афғонистон вобастагии калон дорад. Зеро оромии Афғонистон ин пеш аз ҳама оромии минтақа аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз созмонҳои баланди байналмилалӣ баромад намуда ҳалли қазияи Афғонистонро бо роҳи сулҳомез ва беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро пешниҳод намудааст. Имрӯз, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров дар Афғонистон бояд пружаҳое амали шаванд, ки мардумро ба меҳнати осоишта ҷалб карда тавонанд. Мо бояд ҳамкориҳои иқтисодиамонро бештар ривоҷ диҳем. Раиси парлумони Луи Ҷиргаи Давлати Исломии Афғонистон Иброҳимӣ низ хостори густариши муносиботи парлумони кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд ва таъкид дошт, ки истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард. Раиси парлумони Давлати Исломии Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд. Дар мулоқот, ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд. Дар мулоқот ҳамчунин Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олимҷон Салимзода, Лутфия Раҷабова, Эмомалӣ Насриддинзода иштирок намуданд.