23:50, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд (31.10.2016)

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки

имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ шуд. Дар ҷаласаи Шӯро зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Бояд қайд намуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Дар давоми фаъолияти худ Агентӣ дар самти назорати давлатии молиявӣ, пешгирии коррупсия, аз ҷумла ошкор ва бартарафсозии сабабҳои коррупсия, ошкоркунӣ, рафъ намудан, кушодан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ саҳми назарраси худро гузошта истодааст. Вале, то имрӯз санаи таъсисёбии он ва умуман рӯзи кормандони ин соҳа, ҳамчун рӯзи ид дар Қонун пешбинӣ нашудааст. Лоиҳаи зикршуда бо ин мақсад таҳия гардида, 10 — январ ҳамчун рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешбинӣ гардидааст. Қабули лоиҳаи Қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Сипас, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» барои хулосабарорӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ирсол гардид. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳавопаймоии гражданӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дар 9 моҳи соли 2016», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» муҳокима шуданд. Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Эмомалӣ Насриддинзода, Шариф Раҳимзода, Садриддин Шарипов, Ҳилолбӣ Қурбонзода ва дигар аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.