23:47, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Молдова: овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ шурӯъ шуд

Дар Молдова овоздиҳӣ дар интихоботи президентӣ шурӯъ гардид.

Тайи 20 соли ахир бори нахуст аст, ки сокинон дар овоздиҳии мустақим иштирок менамоянд. Аз соли 1996 то кунун президентро дар ин мамлакат вакилони мардумӣ интихоб менамуданд. Ҳамакнун чунин тарзи овоздиҳӣ бекор карда шуд. Дар қаламрави кишвар 2 ҳазор ҳавзаи овоздиҳӣ таъсис додаанд. Дар маъракаи сиёсӣ 9 номзад барои соҳиб шудани мақоми президентӣ талош доранд. Президенти амалкунанда - Николай Тимофти аз иштирок дар интихобот худдорӣ намудааст. Тайи солҳои ахир вазъи иқтисодии Молдова мураккаб якбора гардидааст. Соли гузашта аз низоми бонкии кишвар 1 миллиард евро рабуда шуд. Чунин ҳолат, яъне авҷи амалҳои коррупсионӣ ба нигаронии сокинон сабаб шуда, онҳо пайваста намоиши оммавӣ доир мекунанд.