23:45, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Президенти Яман пешниҳоди СММ-ро рад кард

Президенти Яман - Абду Раббу Мансур Ҳодӣ, ки феълан

дар Арабистони Саудӣ панаҳ мебарад, пешниҳоди Созмони Милали Муттаҳидро дар самти ба эътидол овардани вазъият дар кишвар рад кард. Ба андешаи Мансур Ҳодӣ нақшаи пешниҳодшуда шӯришгарони «Ҳуси»-ро, ки дар мамлакат табаддулот анҷом додаанд, қонунӣ мегардонад. Аз рӯйи нақша гурӯҳи «Ҳусӣ» бояд пойтахти мамлакат - шаҳри Санъоро тарк гуфта, силоҳҳои худро ба замин гузоранд. Ваколатҳои президент бошад, ба ноиби нави роҳбари давлат вогузор карда мешавад. Муноқишаҳои мусаллаҳона дар Яман аз моҳи августи соли 2014-ум идома дорад. Неруҳои эътилофи кишварҳои Араб аз воҳидҳои низомии ҳукумати Яман пуштибонӣ менамоянд. Тобистони соли равон дар Кувайт музокироти тарафҳои ба ҳам зидди Яман баргузор шуд, ки он бенатиҷа анҷом ёфт. Тибқи иттилои ахир бар асари зарбаҳои ҳавоии неруҳои эътилоф ба шаҳри Зайдияи қисми шимолии музофоти Ҳудайдаи Яман беш аз 30 тан аз тарафдорони гурӯҳи «Ҳусӣ» ва зиндониён ба ҳалокат расиданд. Ду мушак ба бинои маҳбасхона зада шуд, ки дар он беш аз 40 зиндонӣ қарор дошт. Айни ҳол дар Яман 3 миллион нафар аз норасоии оби ошомиданӣ азият мекашанд. Хуруҷ ва паҳншавии бемории «Вабо» вазъиятро боз ҳам мураккаб намудаааст.