18:13, 18 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Имрӯз, 16-уми сентябри соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон

таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ш. Бишкек иштирок кард. Дар ҷаласа, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, роҷеъ ба мутобиқкунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба воқеияти муосир, таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, инчунин оид ба густариши робитаҳои фарҳангӣ дар доираи Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии ИДМ” ва Барномаи чорабиниҳои афзалиятноки гуманитарӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.