05:54, 22 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Николас Мадуро ҳолати фавқулодаро дар кишвар барои ду моҳи дигар тамдид намуд

Буҳрони шадиди иқтисодӣ дар Венесуэла ҳамоно идома дорад.

Президенти Венесуэла Николас Мадуро ҳолати фавқулодаро дар кишвар барои ду моҳи дигар тамдид намуд. Фармони мазкур ба ҳукуматдорон салоҳияти махсус медиҳад, то сокинонро бо маводи ниёзи аввал таъмин намоянд. Чанд моҳ мешавад, ки аҳолии мамлакат аз дастрасӣ ба маҳсулоти гуногун дар саросари кишвар ба мушкилӣ дучор омадаанд. Баъзе аз сокинон барои дастрасӣ ба маводи ғизоӣ ба кишварҳои дигар мераванд. Коршиносон омили асосии сар задани буҳронро дар Венесуэла дар коҳиши арзиши нафт маънидод мекунанд. Мухолифин дар ба амал омадани буҳрони иқтисодӣ ҳукуматдоронро айбдор мекунанд.