18:28, 14 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ирландия: дар интихоботи парлумонӣ ягон ҳизб ғолиб наомад

Дар интихоботи парлумоние, ки рӯзи 26-уми феврал дар Ирландия баргузор шуда буд,

ягон ҳизб натавонист шумораи кофии овозҳоро барои ишғоли ҷойҳо дар парлумон соҳиб шавад. Натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ дар палатаи поёнии парлумон бо чунин нишондод муайян гардид. Ба ҷонибдории ҳизби Фине гел 26 дарсад, ҳизби Фиана фойл 22,9 дарсад ва ба ҷонибдории ҳизби Лейбористҳои Ирландия 7,8 дарсади сокинон овоз доданд. Бо чунин тарз ҳеҷ кадом аз ин ҳизбҳо наметавонад бештари мандатҳои парлумонро ба даст орад. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот маълум карда мешавад. Интизор меравад, ки рӯзи 10-уми март палатаи поёнии парлумони Ирландия ба фаъолият шурӯъ менамояд.