18:34, 22 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Сурия созишномаи оташбас ба ҳукми амал даромад

Дар Сурия созишномаи оташбас ба ҳукми амал даромад.

Дар соатҳои нахуст оромӣ мушоҳида мешавад. Қисми зиёди шаҳри Ҳомс, ки соли 2014 таҳти назорати неруҳои ҳукуматӣ даромада буд, феълан харобазорро мемонад. Аз ин рӯ, сокинони баргашта худро дар манзилҳои камтар зарардида ҷой намуда истодаанд. Аммо оҷонсии «РИА-Новости» хабар медиҳад, ки пас аз ба ҳукми амал даромадани оташбас баъзе аз гурӯҳҳои хурди «Ҷабҳат ан Нусра» дар шаҳрҳои Ҳалаб ва Ҳомс аз силоҳи начандон вазнин оташ кушоданд. Шӯрои Амнияти СММ созишномаи оташбаси мухолифон ва неруҳои ҳукуматии Сурияро пуштибонӣ кард. Ҳуҷҷати оташбасро, ки Федератсияи Россия ва ИМА омода намудаанд, ҳамаи 15 кишвари аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ пуштибонӣ намуданд. Оташбас ба гурӯҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат ан Нусра» дахл надорад. Ба гуфти фиристодаи махсуси СММ оид ба Сурия Стеффан де Мистура аз он, ки оташбас халалдор мешавад мо шубҳа надорем, аммо мо бояд ба ҳарос наафтода корро дар беҳтар шудани вазъият давом диҳем. Де Мистура илова кард, ки ӯ тасмим дорад, музокиротро миёни мухолифон ва ҳукумати расмии Сурия бо шарти халалдор нашудани оташбас рӯзи 7-уми март оғоз намояд.