09:31, 09 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷамъомади махсус вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон

Санаи 26-уми феврали соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҷамъомади махсус вобаста ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он таъкид шуд, ки масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаби замон буда, барои тақвияти равандҳои демократӣ ва дигаргунсозиҳо дар ҷомеа, ҳамчунин фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар сокини мамлакат мусоидат хоҳад кард. Дар ҷамъомад масъулон ва кормандони Вазорат сухан гуфта, таъкид карданд, ки дар арафаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ моро зарур меояд, ки мақсад ва моҳияти ин тағйиру иловаҳоро ба дипломатҳои дастгоҳи марказии Вазорат ва ҳамчунин тавассути сафоратҳо ва намояндагиҳоямон дар хориҷ ба ҳамватанони бурунмарзӣ шарҳ диҳем, то ҳар яки мо дар рӯзи раъйдиҳӣ огоҳона ба назди сандукҳои раъй равем ва дар сарнавишти худу фарзандонамон мустақиман нақш гузорем. Тавре маърӯзакунандагон таъкид намуданд, ҳар кишваре, ки рушд мекунад, зарурати дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои он амри воқеӣ мегардад, то меъёрҳои ин санади муҳимми миллӣ пайваста такмил дода шаванд. Дар мавриди зарурати ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ба чунин нуктаҳо ишора шуд: - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунанд. - Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. - Таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо аз дигар ҳадафҳои ин тағйирот аст. - Бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд. - Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мутобиқ намудани меъёрҳои он бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Бояд гуфт, дар ҷамъомад тамоми ҷузъиёти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарурати мантиқии тағйироту иловаҳо, ҳамчунин коромадии беҳтари бандҳои Конститутсия пас аз такмилёбӣ дар ҳаёти рӯзмарраи мардум ва дар сиёсати хориҷӣ шарҳ дода шуд.