08:56, 09 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вохӯрии вакилон бо фаъолони ноҳияи Шаҳритуз

Мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон

роҷеъ ба Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ» дар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад. Дар ҳамин бастагӣ вакилони Маҷлиси намояндагон дар ноҳияи Шаҳритуз бо фаъолон ва кормандони соҳаи кишоварзӣ мулоқот намуда, роҷеъ ба муҳимтарин нишондоди Паём ва пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ» ибрози андеша карда, таъкид намуданд, ки робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат тавассути таъмини истеҳсолоти ватанӣ ва кам кардани монеаҳои маъмуриву техникӣ тадриҷан густариш ёфта, Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди тиҷоратӣ шинохта шудааст. Таъкид гардид, ки дар Стратегияи сиёсати савдои хориҷӣ дар давраи миёнамуҳлат бояд ба се самти асосӣ - ҳавасмандгардонии содирот, рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва содагардонии расмиёти савдо аҳамияти махсус дода шавад. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои сершумори фаъолони ноҳия посух гуфтанд.