15:35, 27 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

КМИР ҳайати комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсиро тасдиқ кард

Рӯзи 24 феврали соли 2016 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот

ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки дар ҷаласаи қаблии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз таърихи 15-уми феврали соли ҷорӣ дар бораи ташкили 68 ҳавзаи раъйпурсӣ қарор қабул гардида буд. Дар ҷаласаи имрӯза қайд гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳими давраи омодагиҳо ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба “Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис ва тасдиқи ҳайати комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ мебошад. Зеро комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсӣ дар ин раванд нақши басо муҳим доранд ва масъалаҳои гуногуни вобаста ба раъйпурсиро дар ҳудуди ҳавза ҳаллу фасл менамоянд. Аз ин рӯ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҷумҳурӣ дар 68 ҳавзаи раъйпурсӣ комиссияҳо ҳар кадом дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва на кам аз 6 аъзо ташкил карда шуд. Инчунин бо қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ намунаҳои муҳри комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии раъйпурсӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ муқаррар ва тартиби иваз кардани аъзои комиссияҳои ҳавзавию участкавии раъйпурсӣ муайян карда шуданд. Дар ҷаласа зикр гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва бо санадҳои ҳуқуқӣ таъмин кардани комиссияҳои раъйпурсӣ тибқи салоҳиятҳои қонунии худ дастурамалҳо таҳия ва тасдиқ намуда, татбиқи якхелаи қонунро таъмин карда, онро тавзеҳ медиҳад. Бо ин мақсад бо қарорҳои КМИР 5 дастурамал ва як маҷмуаи саволу ҷавобҳо доир ба гузаронидани раъйпурсӣ тасдиқ карда шуданд. Дастурамалҳои мазкур бо теъдоди зиёд чоп шуда, ба ҳамаи комиссияҳои поёнии раъйпурсӣ дастрас карда мешаванд.