14:19, 13 Декабри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Гуфтушунид оид ба эътидол овардани вазъияти Сурия оғоз шуд

Намояндагони мухолифони Сурия ҷиҳати иштирок намудан

дар музокирот оид ба эътидол овардани вазъият дар ин мамлакат изҳори омодагӣ намуданд. Ахиран дар шаҳри Женеваи Швейтсария бо миёнаравии СММ гуфтушунид оид ба эътидол овардани вазъияти Сурия оғоз шуд. Чанде пеш баҳри иштирок дар музокирот намояндагони расмии Димишқ ворид шуданд. Вале намояндагони мухолифон танҳо пешниҳодҳои худро пешкаши СММ намуданд. Намояндаи Сурия дар СММ Башар Ҷаъфарӣ, ки ҳайъати ҳукумати Сурияро намояндагӣ мекунад, бо фиристодаи махсуси СММ оид ба Сурия Стефан де Мастура дар Женева мулоқот намуд. Де Мастура бо намояндагони ҳар ду тараф дар алоҳидагӣ мулоқот хоҳад кард. Федератсияи Россия аз оғоз шудани музокироти тарафҳои даргири Сурия изҳори қаноатмандӣ намуд.