08:59, 24 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сафири тозаинтихоби ИМА Элизабет Миллард ба Душанбе омад

Сафири тозаинтихоби ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет И. Миллард

баъди адои савганд, ки маросими он 14-уми декабри соли 2016 дар Вашингтон (округи Колумбия) баргузор гардид, ба Душанбе барои иҷрои вазифаи мазкур омад. Хонум Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии ИМА буда, дорои рутбаи баланди мушовир-фиристода мебошад. Ҳангоми адои вазифа дар Ҳиндустон ва ба ҳайси муовини роҳбари намояндагӣ дар Қазоқистон ва адои чанд вазифа дар Шӯрои амнияти бехатарӣ, минҷумла ба ҳайси директор ва ёрдамчии махсуси Президент оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таҷрибаи бой ва дониши кофиро марбут ба ин манотиқ ба даст овардааст. Сафир Миллард фаъолияти дипломатии хешро аз соли 1992 шуруъ намудааст. Ӯ инчунин дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият намуда, якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст. Қабл аз фаъолияти дипломатиаш, сафир Миллард ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи Делфи Интернэшинал, мутахассиси лоиҳаи USAID дар Ню-Дели, корманди бонки “Континэнтел Иллинойс Нейшнл Бэнк энд Траст Компани”дар Манамаи Баҳрайн адои вазифа намудааст. Сафир Миллард соли 1978 соҳиби дараҷаи бакалаври илмҳои иқтисод аз Мактаби иқтисоди Лондон гашта, соли 1981 дараҷаи магистраро аз Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинс соҳиб гаштааст. Барои фаъолитяи кориаш чанд маротиба соҳиби мукофотҳои Департаменти давлатии ИМА гардидааст. Хонум бо забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниягӣ ва бо забони русӣ ҳарф мезанад.