18:07, 12 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шӯрои амнияти СММ нисбати Кореяи Шиколӣ масъалаи таҳримро матраҳ кард

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба озмоиши

силоҳи термоядроӣ аз ҷониби Кореяи Шимолӣ лоиҳаи қарордод, оид ба ҷорӣ кардани таҳримҳои сиёсӣ-иқтисодиро баррасӣ мекунад. Намояндагони узви Шӯрои амният ин амали Пхенянро бо як овоз маҳкум ва онро поймол намудани реҷа оид ба интишори ин навъи силоҳ арзёбӣ карданд. Қаблан ҳам Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои озмоиши силоҳҳои гуногуни ҳастаӣ ва мушакҳои баллистикӣ нисбат ба Кореяи Шимолӣ таҳримҳои гуногунро ҷорӣ карда буд. Бомбаи гидрогенӣ ё худ термоядроӣ дар замони муосир харобиовартарин силоҳи ҳастаӣ дониста мешавад. Аз ин сабаб ба ин қазия ҷомеаи ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Қаблан намояндагони Кореяи Шимолӣ дар хусуси озмоиши бомбаҳои ҳастаии муқаррарӣ маълумот дода буданд. Ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо ва дигар мамолики сайёра дар озмоиши навбатии Пхенян шубҳа надоранд. Вале ба иқрори онҳо гумон аст, ки намояндагони соҳаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба сатҳи нави техникӣ расида бошанд. Вобаста ба озмоишҳои Пхенян ҳамсояи кишварҳои он, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония изҳори нигаронӣ карда, аз ҷомеаи ҷаҳон тақозо доранд, ки дар ин самт ҳарчӣ зудтар чораҳои қатъӣ рӯйи даст гирифта шавад. Баъди озмоиши мазкур ҳавопаймоҳои кашшофии радиокимиёвии Япония аз макони озмоиш парвоз ва оқибатҳои онро мавриди санҷишу таҳқиқ қарор доданд.