00:07, 15 Ноябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ИМА: аз ин баъд хислати харидори силоҳ муайян карда мешавад

Ҳукуматдорони ИМА назоратро аз болои фурӯши силоҳи оташфишон пурзӯр менамоянд.

Акнун минбаъд фурӯши силоҳ дар мағоза ва интернет танҳо аз рӯйи иҷозатномаи махсус ва бо тафтиши маълумоти ҳатмӣ оид ба хислати харидор ба роҳ монда мешавад. Президенти Амрико Барак Обама ин тадбирро бо сабаби ниҳоят зиёд шудани ҳодисаҳои куштор бо истифода аз силоҳ рӯйи даст гирифт. Ҳамасола дар Амрико аз тири силоҳи оташфишон зиёда аз 30 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд. Вале Ҷумҳурихоҳон, новобаста аз он, ки дар Конгресс аксарияти ҷойро соҳибанд, зери фишори ширкатҳои истеҳсоли силоҳ имкони қабули ин қонунро, ки фурӯши силоҳро маҳдуд месозад, надоранд. Аз ин рӯ ин тадбире, ки Обама рӯйи даст гирифт дар асоси фармонҳои салоҳияти президент роҳандозӣ мегардад. Дар ҳамин ҳол мухолифони назорати маҳдудсозии фурӯши силоҳ, тадбири қабул кардаи ҳокимияти иҷроияи Амрикоро зери танқид қарор доданд. Ба андешаи онҳо ин иқдом имкони пешгирӣ кардани ҳодисаи барзиёди кушторро надорад.