23:25, 20 Сентября 2017
часы по Душанбинскому времени
Государственное учреждение
"Джахоннамо"

Партнеры





 

Календарь

<< < Сентябрь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Погода

Варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо соҳиби медали биринҷӣ гардид

Варзишгари тоҷик Ҷамолиддин Абдуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид

ба дзюдо миёни наврасон, ки дар шаҳри Сантягои Чили ҷараён дорад, дар вазни -66 кило сазовори медали биринҷӣ гардид. Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин дар даври муқаддамотӣ бар Чинг Лонг Вонг (Ҳонконг), Макрос Сантос (Бразил), Петру Паливан (Молдова) ғолиб омад, аммо аз Марк Кристон (Булғория), ки сазовори медали нуқра гардид, шикаст хӯрд. Дар рақобатҳо барои ҷои сеюм паҳлавони навраси тоҷик бар Лан Кукита (Аргентина) ва Байрам Кендемир (Туркия) ғалаба кард. Медали тиллоро дар вазни -66 кило варзишгари Япония Ранто Катсура ба даст овард. Медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Канада Кеган Ёнг шуд. Аз ҷумҳурии мо дар чемпионати мазкур ба ғайр аз Ҷамолиддин Абдуллоев 4 варзишгари дигар – Қурбоналӣ Бозоров (вазни -60 кг), Разиаллоҳ Лоиқов (-66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг) ва Эмомризо Қурбонов (-90 кг) иштирок доранд. То имрӯз рақобатҳо аз рӯи 4 вазн баргузор шуданд. Ду варзишгари мо – Қурбоналӣ Бозоров ва Разиаллоҳ Лоиқов дар марҳилаи муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кило имрӯз, 11 август ва Эмомризо Қурбонов дар вазни -90 кило фардо, 12 август рӯи гилем мебароянд. Ёдовар мешавем, ки рақобатҳо барои ба даст овардани медалҳо 9 август шурӯъ шуда, то 13 август идома меёбанд. Дар чемпионат 441 варзишгар (занону мардон) аз 68 давлат иштирок доранд.