23:30, 20 Сентября 2017
часы по Душанбинскому времени
Государственное учреждение
"Джахоннамо"

Партнеры





 

Календарь

<< < Сентябрь 2017 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Погода

Дар баҳри Миёназамин киштии ҳомили муҳоҷирон ғарқ шуд

Дар баҳри Миёназамин киштии ҳомили муҳоҷирон ғарқ шуда,

бар асари он 50 нафар ба ҳалокат расид. Шумораи зиёди ҳалокшудагон занону кӯдакон мебошанд. Дар ин бора табибони бидуни марз иттилоъ доданд. Муҳоҷирон тариқи киштии фарсуда шино карда, қасди вуруд ба Аврупоро доштанд. Ҳамчунин ба нозирони наздисоҳилӣ муяссар гардид,ки 10 муҳоҷирро аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд. Муҳоҷирони фавтида табааи кишварҳои Африқоянд. Бино ба маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират аз 1-уми январ то 25 – уми июни соли 2017 6 ҳазору 464 муҳоҷир Баҳри Миёназминро убур карда вориди кишварҳои аврупоӣ гардиданд. Ҳангоми шино кардан 2 ҳазору 247 нафари онҳо ҷони худро аз даст додаанд.