Омор
Онлайн хамаги: 1 Мехмон: 1 Иштироккунанда: 0
|
Каталог статей
Хамаи маводхои дар каталогбуда: 134 Маводхои нишондодашуда: 1-10 | Сахифахо: 1 2 3 ... 13 14 » |
Бозингари 21-солаи дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби Точикистон Нуриддин Давронов айни ҳол зери назорати клуби «Энергия»-и Олмон, ки дар двизиони дуюми Бундеслига мебошад, қарор дорад. Футболбози 21-сола ки бо дасти мунтахаби Точикистон тамрин менамуд ба Олмон сафар кард. Фаъолияти варзишиаш то рӯзи чаҳоршанбе дар ин клуб ҳаллу фасл хоҳад гардид. Агар, ки ӯ аз назорати мураббиён гузарад бо бошишгоҳи олмонй шартнома мебандад. «Мо хеле хушҳол ҳастем, ки тарбиятгирандаи футболи точик дар Олмон ҳунарнамои мекунад» гуфтааст Президенти бошишгоҳи футболи «Истиқлол» Шоҳрух Саидов. Дастаи ояндаи Нуриддин айни ҳол дар чемпионати двизиони дуюми Олмон мавқеи 11-умро соҳиб аст. Бояд қайд намуд, ки канслери Олмон Ангел Меркел яке аз аъзои фан-клуб-и «Энергия» мебошад. Дар охирҳои ҳамин ҳафта Давронов ба дастаи мунтахаб мепайвандад, зеро 29-уми феврал бозии дастаи мунтахаби Точикистон ва Кореяи шомоли баргузор хохад шуд. Интизор меравад, ки футолбози чавони точик дар ҳайати тими мунтахабмон дар Чоми даъвати КФО-2012 иштирок мекунад. Нуриддин Давронов-писари овозхони шинохтаи точик Ширинммоҳ Ниҳолова аст. Дар ҳайати дастаи мунтахаби чавонони то синни (U-17) дар чемпионати чаҳони соли 2007-ум иштирок намуда буд. Ҳамчунин ӯ дар ҳайати эҳтиётиии дастаи «Локомотив»-и Москва низ қарор дошт. Соли 2009-ум бошад ӯ ба адстаи «Истиқлол»-и Душанбе омада яку якбора ду чоизаи чемпиониро ба даст овард. |
 Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеи худро дар рейтинги нашрнамудаи Федератсияи футболи ҷаҳонӣ (FIFA) дар мақоми 140-ум нигоҳ дошт. Дастаи мунтахаби мо то ҳол 218 имтиёз дорад ва аз мо пештар дастаи мунтахаби Танзания (224), ҳамчунин аз мо як зина поёнтар дастаи миллии Чад (207) қарор доранд. Миёни 46-дастаи мунтахаби қораи Осиё бошад, дастаи мунтахаби миллии мо дар зинаи 20-ум қарор гирифтааст. Дар мақоми аввали садри рейтинг дастаи мунтахаби Испания бо (1566 имтиёз) қарор дорад. Дар зинаи дуюм Олмон (1369 имтиёз), дар зинаи сеюм Голландия (1359 имтиёз) қарор гирифтаанд. Феҳристи навбатии FIFA 7-уми март нашр хоҳад шуд. Даҳ тими беҳтарини ҷаҳон дар феҳрист: 1. Испания-1566 имтиёз, 2. Олмон-1369, 3. Голландия – 1359, 4. Уругвай – 1317, 5. Англия – 1179, 6. Португалия – 1155, 7. Бразилия – 1152, 8. Италия – 1115, 9. Хорватия – 1101, 10. Дания – 1090. Кишварҳои ИДМ ва Балтика: 13. Россия – 989, 41. Армения – 639, 54. Эстония – 576, 59. Украина – 549, 67. Белорусия – 494, 74. Латвия – 463, 77. Узбекистон – 455, 81. Гурҷистон – 436, 93. Литва – 383, 109. Озарбойҷон – 306, 138. Қазоқистон – 225, 140. ТОҶИКИСТОН – 218, 142. Молдавия – 205, 149. Туркманистон – 154, 192. Қирғизистон – 42. Даҳгонаи беҳтарини Осиё: 22. Австралия – 832, 30. Япония – 762, 34. Кореяи Ҷанубӣ – 714. 47. Эрон – 606, 76. Хитой – 456, 77. Узбекистон – 455, 79. Ироқ – 439, 82. Уммон – 431, 89. Арабистони Саудӣ – 407, 91. Кувайт – 399. |
 Бо мусоидати Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бахшида ба 19 солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи харбӣ-варзишии «Ҳомии Ватан» баргузор гардид. Дар расми кушодашавии мусобиқаи мазкур намояндагони Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии мамлакат, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, иштирокчиёни ин чорабинии варзиширо ба муносибати 19 солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ табрику шодбош намуда, бо иқтибос аз пешравию шукуфоии Ватан дар ниҳоди онҳо ҳисси хештаншиносиро тақвият бахшид. Ҳамзамон қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ такмил додани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва варзиш миёни сарбозони мақомоти қудратии мамлакат ва тайёр намудани онҳо ба дифои Ватан ҳамзамон нағз аз худ кардани барномаи тайёрии ибтидоии ҳарбӣ ва тарғиби он барои ҷалби ханондагони синфҳои болои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз яроқи қатли ом худро муҳофизат карда тавонистани онҳо равона шудааст. Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҳарбӣ- арзишии «Ҳомии Ватан» аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш, вазнбардорӣ, гулулапартоӣ, ҷаҳидан, турниккашӣ, бандкашӣ, тирпарронӣ ва ҳамзамон аз рӯи варзиши сабук давидан бо масофаи 100 м ва кросс (пойга) ба масофаи 500 м сурат гирифт. Дастаҳои ғолиб муайян шуда, Рӯзи 22-юми феврал дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 19 солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии мамлакат бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Диплом қадрдонӣ карда мешаванд.
|
 Ҳимоятгари марказии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Нуриддин Давронов ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар мавзеи Белек-и Туркия тамрин доранд, ҳамроҳ шуд. Ёдовар мешавем, ки дигар футболбозони точик 5-рӯз пеш ба Туркия рафта буданд. Айни ҳол бо роҳбарии Камол Алиспахич, Мубин Эргашев ва Аслиддин Ҳабибуллоев 22-футболбозро омада мекунанд. Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов бошад, дар гурӯҳи асосӣ ба тамрин фаро гирифта шуд. Бояд қайд кард, ки 50-фоизи тарминҳои онҳо бо тӯб ҷараён дорад. |
 Собиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Одил Эргашев фаъолияти худро акнун дар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат давом медиҳад. Мавсуф ба дастаи «Хайр» аз тими «Истиқлол»-и Душанбе омад. Шартномаи футболбози 35-сола бо дастаи «Хайр» то охири мавсим ба имзо расонида шуд. Худи футболбоз ба сомонаи «ВС» хабар додааст, ки «Нишастан дар курсии эҳтиётӣ маро қонеъ намекунад, ва ба ҳамин хотир тасмим гирифтам, ки ба дигар даста гузарам. Аз роҳбарияти дастаи «Истиқлол» миннатдорам, ки тасмими маро ҷонибдорӣ карданд.» Ёдовар мешавем, ки Эргашев ба дастаи «Истиқлол» соли 2009-ум аз тими «Регар» ворид шуда буд. Дар ҳайати «металургҳо» бошад, ӯ аз соли 2004-ум то 2009-ум ҳунарнамоӣ кардааст. Дар баробари ин дастаи «Хайр» бо собиқ бозингари КВМА «Помир» Обид Исмоилов, ки чанд вақт дар дастаи номурда бозӣ кардааст ва ҳамчунин нимҳимоятгари «Энергетик» Акмал Авазов шартнома бастааст. |
 Мутахассиси голандӣ Гус Хиддинк сармураббии нави дастаи «Анжи» таъин гардид - хабар медиҳад Goal.com. Ин мутахассис бо дастаи доғистонӣ тӯли 6-моҳ шартнома баст. Акнун Хиддинк ба тамринҳои даста , ки дар Туркия идома дорад мепайвандад. ВАО Голландия иттилоъ додаанд, ки роҳбарияти дастаи «Анжи» маоши солонаи ӯро 10-млн евро арзёби кардаанд. |
 Дар шаҳри Қоҳираи Миср ҷонибдорони дастаи футболи «Ал- Аҳрӣ» намоишҳои эътирозӣ доир намуданд. Онҳо кормандони сохторҳои интизомиро дар ташкил намудани бетартибиҳо пас аз бозии футбол дар бандари «саид» гунаҳгор медонанд. Тавре маълум гардид ошубгарон аз қароргоҳи дастаи футболи «Ал-Аҳрӣ» то бинои прокуратураи Миср пиёда қадам заданд. Иштирокчиёни намоиш аз роҳбарони мамлакат талаб доранд, ки рафти тафтишоти ин қазия таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад. Ёдовар мешаваем, ки ҳангоми сар задани бетартибиҳо пас аз бозии футбол 1-уми феврали соли равон дар бандари Саид 74-нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз ҳазор тани дигар ҷароҳат бардошта буданд. Баъд аз ин ҳодиса Федератсияи футболи Миср тамоми бозиҳоро як муддат мавқуф гузошт. |
 Дар даври 8-1 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаи «Милан»-и Италия дар варзишгоҳи «Сан-сиро» бо ҳисоби калони 4 бар 0 футболбозони «Арсенал»-и Англияро мағлуб кард. Бо чунин натиҷа «Арсенал» маротибаи нахуст дар ин мавсим рӯ ба рӯ мегардад. Ҳатто дар вохӯрӣ бо дастаи Манчестер Юнайтед, ки бо ҳисоби 2 бар 8 вохӯриро бохта буданд, ба чунин эҳсосот дода нашуданд. Агар 28-уми август дар «Олд Трафорд» тарбиятгирандагони Венгер як чанд имконият ҳам доштанд, вале 15-уми феврал дар «Сансиро» миланиҳо ба рақибони хеш ягон шонсро ҳам нагузоштанд. Ҳисобро Кевин Боатенг ифтитоҳ намуд. Боатенг сараввал тӯбро бо синааш боздошт ва ба кунҷи дарвоза равон кард. Футболбозони Милан баъд аз хатогиҳои ҳимоятгарони маркази то дақиқаи 45-уми қисми аввал бартариро ба даст гирифтанд. Дар дақиқаи 38-уми дидор Ибрагимович баъди рақобат аз тарафи рост, тӯбро ба даруни ҷаримагоҳ партофт. Сипас ин партофти зеборо Робинио хуб истифода намуд. Пас аз танаффус боз ҳамон Робинио натиҷаро дучанд кард. Дар охир бошад, бозингари беҳтарин Златан Ибрагимович гардид, ки нуқтаи асосиро бо задани ҷаримаи 11 метра гузошт. Ҳисоби вохӯрӣ бо натиҷаи калони 4 бар 0 хотима ёфт, ва ҳамин тариқ дастаи «Милан» бо бартарии калон имконияти бештарро ба даври минбаъда пайдо кард.
|
 Дастаи «Зенит»-и Питер дар даври 8\1 ниҳоии Лигаи Чемпионҳои Аврупо дар майдони худ футолбозони «Бенфика»-ро бо натиҷаи 3 бар 2 шикаст дод. Барои футболбозони Питер вохӯрӣ бо тими «Бенфика» аввалин бор пас аз мавсими зимистона буд, ки футболи Россия ҳамасола дар он шомил мегардад. Дар баробари кам будани таҷрибаи бозӣ дар чунин сатҳи олии чемпионҳои Россия боз бо як мушкилӣ рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо бо ҳайати нопурраи бозингарони эҳтиётӣ ба майдон баромаданд. Аз сабаби ҷароҳатҳои гуногун Бухаров, Дани, Кришито, Лазович ва Малафеев дар бозӣ ширкат накарданд. Дар навбати худ дастаи «Бенфика» чун дигар клубҳои ғарби Аврупо дар ҳолати хубтар карор дошт. Ин клуб аз Лиссабон дилпурона дар роҳи пирӯзии чемпионати Португалия қадам мегузорад. Дар 18 марҳилаи мусобиқоти миллӣ ин даста 15 маротиба ба пирӯзи ноил гардида 3 вохӯриро мусовӣ анҷом дод. Даста аз ҳисоби хайат ягон танқисӣ намекашад ва нисбати харифи худ пешсаф ба ҳисоб меравард. Дар қисми аввали вохӯрӣ бо тӯб бештар ҳимоятгарони ҳар ду даста бозӣ намуданд. Вале дар дақиқаи 20-уми вохӯрӣ голи задаи меҳмонон ҳамаро ба ҳаяҷон овард. Оскар Кардосо аз ҷаримагоҳ тӯбро ба дарвозаи Юрий Жевнов равон намуд, сипас Макси Перейро, ки дар ҳолати хеле хуб қарор дошт нахустин шуда ҳисоби бозиро ифтитоҳ намуд. Пас аз ин футболбозони Зенит ба ҳамлаҳои пай дар пай гузаштанд. Пас аз 8 дақиқа «Бенфика» ба изтироб афтод. Роман Широков аз партофти хуби Губочан истифода бурда тӯби чаҳоруми худро дар 8 вохӯрии лига ба самар расонд. Чунин натиҷаро Оскар Кардосо низ дорост. Бо чунин натича Зенит ором нашуд. Вале голи навбатӣ пас аз 50 дақиқа зада шуд. Владимир Бистров ва Сергей Семак, ки баъдан ба майдон баромаданд бо ҳамроҳии Александр Кержаков як комбинатсияи хубро бо гол анҷом доданд. Муаллифи тӯб Сергей Семак гардид, ки бо натиҷаи 2 бар 1 Зенит пешсаф шуд. Футболбозони Португалия ҳисобро дар дақиқаи 87-уми вохӯрӣ мусовӣ намуданд. Оскар Кардосо бо голи задааш натиҷаи баробарро ба дастааш таъмин намуд. Ҳисоб 2 бар 2. То анҷоми вохӯрӣ боз 3 дақиқаи дигар монда буду халос. Дастаи Зенит хуб мефаҳмид, ки то анҷоми бозӣ вақти кам мондааст, вале онҳоро мебоист вақтро самаранок истифода баранд. Пас аз голи Кардосо Широков рекорди Юрий Никифоровро, ки мавсими 1995/96-гузошта буд ба самар расонд. Яъне голи 5-уми худро дар лигаи чемпионҳои имсола вориди дарвоза намуд. Ҳисоб 3 бар 2 бар фоидаи дастаи Зенит. |
 Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар ҷараёни тамринҳои худ дар Белек-и Туркия як бозии рафиқона бо дастаи «Шуртан»-и Узбекистон гузаронид. Дар ин бозӣ футолбозони тоҷик бо натиҷаи 1-2 аз ҳарифон мағлуб шуданд. Тӯби аввалро Ботир Қодирқулов аз тими «Шуртан» дар дақиқаи 54-кушод. Сипас ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 65-ум ҳисобро баробар сохт. Муаллифи тӯби аввали ин дидор Ботир Қодирқулов дар дақиқаи 74-ум ғалабаи дасташро таъмин сохт. Рӯзи 18-уми феврал бошад, шогирдони Камол Алипахич бо дастаи «Клуж»-и Руминия, ки иштирокчии мусобиқоти бонуфузи Лигаи Чемпионҳои Аврупо аст, рақобат мекунанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки онҳо боз як вохӯрии санҷишии дигар рӯзи 21-уми феврал гузаронанд, аммо то ҳол дар бораи ҳарифони мо маълумот дода нашудааст. Рӯзи сешанбе тарбиятгирандагони Камол Алиспахич боз дар ду тарзи тамрин машқҳои худро гузарониданд. |
|
Погода в Таджикистане
Поиск города
Погода в столицах мира
Курс валют
|