17:27, 21 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов

17 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканд-пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олиқадр- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари кишвари мизбон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона дошт. Парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон овезон буданд.