01:26, 22 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Оғози сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Рӯзи 10 августи соли 2018 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Боку музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид. Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри Загулба баргузор шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд. Маросими истиқболи расмӣ бо сафкашии горди фахрӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди қатори сарбозон, арзи салом ба онҳо ва изҳори эҳтиром ба парчами давлатии Озарбойҷон, ҳамчунин шиносоӣ бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.