- 6 кушта бар асари ҳамлаи ифротиён дар Лағмони Афғонистон
- Дар шаҳри Коҳираи Миср таркиш ба амал омад
- Овозаҳо дар бораи Honda тасдиқи худро ёфтанд
- Дар Ҳиндустон ду ҳавопаймои хурд ба ҳам бархӯрд
- 7 куштаи як сӯхтор дар Канада
- Тармафароӣ дар Кран-Монтанаи Швейтсария
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
- Тоҷикистону Қатар бо терроризм ва экстремизм муборизаи якҷоя хоҳанд бурд
- Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Туркия ба ғалабаи дуюм ноил гардид
- Лондон: Баррасии ҳамкориҳо дар самти алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
Ифтитоҳи “Боғи кӯдакон” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи кӯдакон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бунёди Боғи кӯдакон ва таъмири асосии бинои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо, инчунин сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 600 нафар ба кор ҷалб карда шуданд. Боғи кӯдакон дар масоҳати наздики 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шуд. Амфитеатри тобистона” дар тарҳ шакли нимдавра дошта, масоҳаташ 680 метри мураббаъ мебошад. Бинои қаҳвахонаи тобистона якошёна буда, дар масоҳати 350 метри мураббаъ барои 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар даромадгоҳи асосии боғ дарвоза бо баландии 10 метр насб карда шуда, дар атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир карда шудаанд. Инчунин аз ду тарафи даромадгоҳ фаввораҳои чароғон сохта шудаанд. Мизи шоҳмот, ки дар як гӯшаи боғ сохта шудааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозаҳояш 15,6 метр бар 13,2 метр мебошад. Дар даромадгоҳи бинои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ду пергола ҷойгир карда шудааст, ки шакли арка дошта, бо равшаннамоии ҳархела хизмат мерасонанд. Дар қисми шимолу шарқии боғ таввақуфгоҳ барои 60 адад мошин пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон барои назорат намудани ҳудуди боғ 30 адад камераҳои муосири мушоҳидавӣ насб карда шудаанд. Инчунин барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шудааст. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб карда шудаанд. Равшаннамоии боғ аз зеристгоҳи барқии мавҷуда бо насб намудани чароғакҳои равшандиҳандаи баландиашон ҳархела бо 30 адад прожектор бо равшандиҳии рангоранг ва чароғакҳои ороишӣ барои равшаннамоии дарахтон ва биноҳо ба анҷом расонида шудааст. Масоҳати кабудизоркунӣ 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар ҳудуди боғ 950 адад дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда шинонида шудаанд, аз ҷумла, береза, кипарис, каштан, клен, липа, магнолия, можевелник, сирени ҳиндӣ, олуи “Вуди”, соснаи одӣ, туя, сосна сливестри, канзан, каталпа ва ел. Дар ҳудуди боғ барои дилхушии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудаанд. Инчунин 115 адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия ворид ва насб гардидаанд. Аз ҷумла, бозичаҳои пружинадори ҳаракаткунанда, ҳаллоҷӣ, атраксионҳо, бозичаҳои худҳаракаткунанда, хоначаи чӯбин, роҳи оҳан, пули занҷирӣ, дучархаҳо ва асбобҳои махсус барои машқ. Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад ва акнун кӯдакони ин даргоҳ метавонанд аз ҳамаи шароити муҳайёшуда баҳрабардорӣ карда, олами худро дар фазои тинҷу осудаи Ватан рангин созанд. Мавриди зикр аст, ки дар вақти навсозии боғ бо супориши Пешвои миллат Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иборат аз 28 синфхона, китобхона, толори маҷлис, толори рақс ва ғайра низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Бо ҳамаи шароити истироҳату фароғате, ки дар ин ҷо муҳайё шудааст, Боғи кӯдакон ба як дунёи дар ҳақиқат рангини афсонавӣ мубаддал гардид, зеро қариб дар ҳама ҷойҳои ин маркази фарҳангӣ ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвоноти гуногун гузошта шудаанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои анҷомёфта ва ободонии ҳудуди боғ баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонидани ин боғ талош варзанд.
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 21 Феврал 2019
- Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 21 Феврал 2019
- АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (13.02.2018) 14 Феврал 2019
- Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон \21.01.2019\ 22 Январ 2019
- Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.01.2019) 21 Январ 2019
- Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.01.2019) 21 Январ 2019
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26.12.2018 шаҳри Душанбе 26 Декабр 2018
- Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26.12.2018 12:23, шаҳри Душанбе 26 Декабр 2018
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 Декабр 2018
- Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 07 Декабр 2018