05:19, 19 Июли 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Гузоштани санги асоси бунёди осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гузоштани санги асос ба бунёди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти Исфисор оғози расмӣ бахшиданд. Ин осоишгоҳ бо тарҳи зебою замонавӣ дар минтақаи Шӯркӯл дар мавзеи хеле мувофиқу муносиб барои меҳмонону сайёҳон, яъне соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар масоҳати 31 гектар сохта хоҳад шуд. Тавре зимни муаррифии лоиҳаи ин иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, паймонкори Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонии замонавӣ «Шаҳри зебои мо» буда, он дар давоми се сол аз ҷониби фармоишгар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кохи Малика» сохта мешавад ва дар рӯзҳои истиқбол аз 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар иншоот 300 нафар бо ҷойи кор ва маоиши хуб таъмин мешаванд. Дар ҳудуди осоишгоҳ ду бинои бисёрошёнаи меҳмонхона барои 1000 нафар сохта мешавад. Мувофиқи лоиҳа дар осоишгоҳ тамоми шароити зарурӣ барои меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда шуда, он дар асоси талаботи меъёрҳои байналмилалӣ қомат хоҳад афрохт. Таъкид гардид, ки дар сохтмони тамоми қисматҳои осоишгоҳ мутахассисону бинокрони ботаҷриба ҷалб карда мешаванд. Дар ҳудуди Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин бо мақсади таъмини пурраи истироҳату фароғати меҳмонону мизоҷон ва сайёҳон бунёди бинои табобатӣ, маркази ҷавонон, толор барои баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун, ошхона, чойхонаи миллӣ, се майдончаи варзишии хурд, як майдони варзишии калон бо меъёрҳои ҷаҳонӣ, ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, аквапарк ё худ парки обӣ, истгоҳи нақлиёт ва дигар иншооти табобативу маишӣ барои истироҳаткунандагону мизоҷон пешбинӣ шудааст. Дар фарҷоми мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба сохтмончиёни Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонии муосир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар муҳлати пешбинигардида ба истифода додани ин иншооти зебою замонавӣ муваффақияту пешрафти ҳамаҷонибаи кор дар ин иншооти бузург орзу намуданд.