18:39, 21 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ

ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд иброз намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро рӯзи 27 июни соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик имзо кард. Дар тақвияти гуфтаҳои мазкур Пешвои миллат иброз доштанд, ки «мо ҳеҷ вақт бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон ҳуҷҷат имзо накардаем. Ин нуктаи муҳимро тамоми мардуми тоҷик бояд донанд. Ман дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоям ва имрӯз низ бо эътимоди комил иброз медорам, ки «сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад». Президенти мамлакат ҳамчунин даъват ба амал оварданд, ки «ҳар яки мо, яъне насле, ки ҳамаи даҳшату маҳрумиятҳои он айёми пурфоҷиаро аз сар гузаронидаем, бояд тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро барои таҳкими сулҳу субот ва устувории пояҳои давлатдории миллиамон сафарбар намоем».