22:18, 19 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку

Нимаи дуюми рӯзи 19 июн дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба муносибати “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку” маросими супоридани “Медали Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ” ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Мукофоти олиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Игор Поканевич супорида, ба саҳм ва нақши Президент ва Ҳукумати кишвар баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гаштан ба ин шарафи бузургро пеш аз ҳама самараи заҳмату талошҳои пайвастаи тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар роҳи ташаккули тарзи ҳаёти солим арзёбӣ карданд. Мубориза алайҳи тамокукашӣ яке аз афзалиятҳои тадбирҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ мебошад, зеро корҳое, ки дар Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи тамоку анҷом меёбанд, қабл аз ҳама ба беҳдошти саломатии ҷомеа равона гардидааст.