07:59, 27 Апрели 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, Дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон бо камоли мамнуният табрикоти самимии худро ба Шумо ирсол медорам. Мардуми Озарбойҷон бо овоздиҳии худ дар интихобот бори дигар эътимоди олиашро ба сиёсате, ки таҳти роҳбарии Шумо роҳандозӣ гардида, ба шукуфоии бемайлони кишвар ва таҳкими обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон дод. Ба туфайли заҳмату талошҳои бисёрсолаи Шумо Озарбойҷон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гардид ва мо аз чунин дастовардҳои дӯстони худ сидқан хушнуд ҳастем. Итминон дорем, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар манфиатҳои ду кишвар дар солҳои оянда низ масири густариши нав касб хоҳад кард. Бо ин мақсад ин ҷониб омода аст, ки дар якҷоягӣ бо Шумо тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳад. Ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, сиҳатмандӣ, бахту иқбол, дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои минбаъда ва дастовардҳои навинро бар нафъи мардуми дӯсти Озарбойҷон орзумандам».