22:19, 24 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ифтитоҳи Хонаи истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ

Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзҳои таҷлили солгарди 25-уми Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду сол бо сифати баланд ва тарҳи замонавӣ анҷом ёфта, он аз 60 ҳуҷраи истиқоматӣ, таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 25 нақлиёт ва майдончаи кӯдакона иборат мебошад. Аз шумораи умумии ҳуҷраҳо 4 ададаш сеҳуҷрагӣ, 32-то дуҳуҷрагӣ ва 24 хонаи якҳуҷрагӣ мебошанд. Бинои мазкур бо сарфи қариб 17 миллион сомонӣ дар давоми солҳои 2014-2017 бунёд шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда, ба кори сохтмончиён баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ — хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд. Дар навбати худ соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ ба Сарвари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардӯшдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.