11:57, 19 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ифтитоҳи бинои таълимии мактаби №26 бо 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

14 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави иловагӣ барои 1280 ҷой дар ду бастро дар ҳудуди мактаби рақами 26 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои мактаби рақами 26 ҳанӯз соли 1936 вақти бунёди Неругоҳи барқи обиии “Варзоб” сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест, зеро дар ин бино, ки барои 340 нафар пешбинӣ шудааст, дар се баст 900 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешуданд. Бо дарназардошти вазъи баамаломада ва таъминоти хонандагон бо синфхонаҳои барҳавову замонавӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълим, инчунин беҳтар кардани сифати тадрис роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифтанд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр барои фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои иловагии нав бунёд карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Ҳамин тавр дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 апрели соли 2017 барои бунёди бинои таълимӣ озмун эълон карда шуда, наздики 15 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «САНИИОСП» ва пудратчӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи «СТС-Иншоот» мебошад. Мактаби нав сеошёна буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои компютерӣ, озмоишӣ, таълими меҳнат, мусиқӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ҳарбӣ буда, аз 15 синфхонаҳои дигари таълимӣ иборат аст. Барои ба талаботи замони имрӯза мутобиқ кардани мактаб дар ин ҷо толори муосири варзишӣ, ошхона бо 130 ҷой, толори барҳавои маҷлис бо 250 ҷойи нишаст ва дигар иншооти зарурӣ бо сифати хуб сохта шудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи таълимӣ бо хонандагони хуштолеъ, ки имрӯз соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — мактаби нав гардиданд, суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба хониши хубу аъло, аз худ кардани илму технологияи замонавӣ ҳидоят карданд. Хонандагон низ дар навбати худ ба Президенти мамлакат барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки бо истифода аз тамоми шароити таълимӣ хубу аъло мехонанд. Баъди шиносоии пурра бо шароити донишомӯзӣ дар толори маҷлиси ҳамин мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону хонандагон ва дигар фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти судманд доир карданд. Сарвари давлат ифтитоҳи бинои нави мактабро ба ҳозирин шодбош гуфта, оид ба дастовардҳои соҳаи пешбарандаи ҷомеа — мактабу маориф, талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти шароити иҷтимоии мардум андешаронӣ намуданд.