05:37, 21 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Чен

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши озодибахши Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Зо Ченро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистон ва Чин, ки меҳвари муносибатҳои дуҷонибаро ташкил медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Муҳимияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ таъкид гардида, тақвияти ин ҳамдастӣ ба манфиати тамоми давлатҳои минтақа арзёбӣ шуд. Тавре таъкид гардид, ҳамкориҳо дар ин самт дар сатҳи зарурӣ идома доранд, вале новобаста ба ин давлатҳо бояд ба муқобилияти фаврӣ бар зидди зуҳуроти наву номатлуби дорои характери минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта омода бошанд. Ҳарду ҷониб барои тақвияти ҳамгироӣ ва мусоидати фаъол дар ҳалли қазияи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошта, омодагию ҳавасмандии худро барои таҳкимбахшии иқтидорҳои марзбонӣ дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки аҳамияти рӯзмарра дорад, таъкид намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ки дар меҳвари сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ қарор доранд, баррасӣ шуд.