- 6 кушта бар асари ҳамлаи ифротиён дар Лағмони Афғонистон
- Дар шаҳри Коҳираи Миср таркиш ба амал омад
- Овозаҳо дар бораи Honda тасдиқи худро ёфтанд
- Дар Ҳиндустон ду ҳавопаймои хурд ба ҳам бархӯрд
- 7 куштаи як сӯхтор дар Канада
- Тармафароӣ дар Кран-Монтанаи Швейтсария
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
- Тоҷикистону Қатар бо терроризм ва экстремизм муборизаи якҷоя хоҳанд бурд
- Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Туркия ба ғалабаи дуюм ноил гардид
- Лондон: Баррасии ҳамкориҳо дар самти алоқаи ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шариф Яфтали
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Шариф Яфталиро ба ҳузур пазируфтанд. Рушду тақвияти муносибатҳои гуногунҷанба бо кишвари бародари Афғонистон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон пайваста хостори тақвияти ҳамкориҳои худ бо Афғонистон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мебошад. Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки ҳамкории дуҷонибаро бо Афғонистон тавсеаи бештар бахшида, ба ҳамкории минбаъда дар доираи механизмҳои бисёрҷониба аҳамияти зарурӣ зоҳир намояд. Таъсис додани низоми ҳамкории чорҷонибаи Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин ташаббус омили муҳими таҳкими раванди сулҳу субот дар Афғонистон мегардад. Дар ҳамин замина ба талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаи таъмини амнияту суботи сартосари дар қаламрави Афғонистон баҳои баланд дода шуд. Доир ба таҳкими ҳамкориҳои ҳарбиву техникии дуҷониба ва ҳамкориҳо дар дигар самтҳои амниятӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардида, иқдомҳои муштарак дар таҳкими ҳифзи сарҳадот, муборизаи беамон бар зидди шабакаҳои террористии байналмилалӣ, амалҳои ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир мувофиқи мақсад шуморида шуд.
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 21 Феврал 2019
- Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ 21 Феврал 2019
- АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (13.02.2018) 14 Феврал 2019
- Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон \21.01.2019\ 22 Январ 2019
- Идомаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.01.2019) 21 Январ 2019
- Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.01.2019) 21 Январ 2019
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26.12.2018 шаҳри Душанбе 26 Декабр 2018
- Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 26.12.2018 12:23, шаҳри Душанбе 26 Декабр 2018
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 Декабр 2018
- Иштирок дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 07 Декабр 2018