05:36, 21 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

Дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд. Мардуми сарбаланд ва заҳматкаши ноҳияи Панҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти зиёд ва хушҳолии беандоза истиқбол гирифтанд. Дар ноҳияи Панҷ нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов ба сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 санги асос гузоштанд. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, бинои мактаб дорои 26 синфхона буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Зимни шиносоӣ бо тарҳи бино Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва меъморону сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Мактаби мазкур бо дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар доираи лоиҳаи «Сохтмон ва барқарорсозии иншооти соҳаи маориф аз тарафи гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмонии мактабҳои миёна» сохта мешавад. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳудуди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар ноҳияи Панҷ 2 гектарро дар бар гирифта, майдони сохтмон 2 ҳазору 500 метри мураббаъ мебошад. Тибқи лоиҳа мактаб аз 4 ошёна иборат буда, бо усули меъмории муосир бунёд карда мешавад. Дар мактаби нав тибқи лоиҳа ошхона барои 140 ҷойи нишаст, толори маҷлисгоҳ барои 250 ҷой, толори варзишӣ бо ғунҷоиши 250 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, лингафонӣ ва кабинетҳои фаннӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонии он пас аз ба имзо расидани созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оғоз мешаванд. Мавриди зикр аст, ки айни замон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал намуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ имконияту шароити донишандӯзии хонандагон бештару беҳтар мегардад.