06:31, 22 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом дод. Сарвари давлати мо бо таманниёти беҳтарин Президенти Туркманистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбод намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муҳими ҳамтои худ Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро дар тавсеаву таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид карданд. Сарони кишварҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши беш аз пеши ин муносибот мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд.