11:55, 20 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии “Звартнотс”-и Арманистон

14 июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии “Звартнотс”-и Арманистон намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳни ҳавлии фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат, шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Арманистон ба таври идона ороста шуда, горди фахрии президентӣ саф кашида буд.